Дар дидори вазири дохилаи Қирғизистон бо Шерхон Салимзода: ташдиди мубориза бо маводи мухаддир меҳвари гуфтугӯ

Хабари хуб 30.11.2018 11:29

Рӯзи гузашта як ҳайати расмӣ аз вазорати умури дохилаи Қирғизистон таҳти раёсати Кашкар Ҷунушалиев вазири умури дохилаи ин кишвар бо ҳадафи анҷом додани мулоқоти корӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни мулоқот тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Бишкекро дар заминаи назорати маводи мухаддир баррасӣ намуда, бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои судманд дар ин росто созишнома байни агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва вазорати корҳои дохилии Қирғизистон оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропиро ба имзо расониданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳадаф аз имзо кардани созишномаи мазкур тавсеъаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дар ин замина баланд бардоштани муассирияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа мебошад.

Дар хотимаи дидор тарафҳо иброз намуданд, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон алайҳи хатароти замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза бурд ва натоиҷи чашмгирро ба даст овард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97