Гуфтугӯи телефонии Раҳмон бо Медведев

Хабари хуб 16.07.2009 18:05

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар як сӯҳбати телефонӣ хостори анҷоми зудтари бархе аз тарҳҳои муштараки Тоҷикистон ва Русия шудаанд. Дар ҷараёни ин гуфтугӯи телефонӣ ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки ҳамзамон бо мусобиқоти аспдавонӣ барои дарёфти ҷоизаи раёсати ҷумҳурии Русия дар 18 июл дар шаҳри Маскав мулоқоти кӯтоҳе анҷом диҳанд.

Бар асоси иттилои сайти раёсати ҷумҳурии Русия, Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯйи телефунии рӯзи сешанбеи худ ҳамчунин тадорукот барои дидори қарибулвуқӯъи худ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Онҳо ҳамчунин вазоратҳои зидахлашоро муваззаф кардаанд, ки барои иҷрои зудтари тарҳҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон талошҳои бештаре ба харҷ бидиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 июл барои ширкат дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Ҷунбиши Адами Таъаҳҳуд ба шаҳри Шармушшайхи Миср сафар кардааст, аз он кишвар бо Дмитрий Медведев суҳбати телефунӣ анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки Президент Раҳмон аз Шармушшайх мустақиман ба Русия сафар хоҳад кард.

Ҳарчанд дар пайи ҳимояти Президент Медведев аз мавзеъи ?збакистон дар қиболи тарҳҳои энержии Тоҷикистон, равобити ду кишвар ба тирагӣ гаройид, вале бархе аз коршиносони минтақа Русияро ҳамчунон аз шарикони аслии Тоҷикистон медонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97