Нигарониҳо аз рушди тавлидоти нохолиси миллӣ

Хабари хуб 16.07.2009 18:04

Ба гуфтаи масъулон мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди се дарсад рушд доштааст. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Зуҳуриддин Кенҷаев гуфтааст: -новобаста аз вазъи бӯҳронӣ, пешрафт дар иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Дар ин муддат бахши кишоварзӣ рушди 16-дарсадӣ дошта, мизони тавлидоти саноатӣ 14 дарсад коҳиш ёфтааст. Рушди тавлидоти нохолиси миллӣ умдатан аз афзоиши мизони тиҷорат ба даст омадааст.

Ин матлаб рӯзи 10 июл дар як ҳамоиши коршиносон ва мақомоти ҳукумат дар бораи роҳҳои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Дар ин ҳамоиш гуфта шудааст, ки аз аввали соли ҷорӣ интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 39 дарсад коҳиш ёфтааст.

Зимнан, дар соли гузашта муҳоҷирони тоҷик танҳо таввасути бонкҳо ба Тоҷикистон 2,8 миллиард доллар интиқол додаанд.

Ба ин далел, коршиносон дар дурустии омори расмӣ нигаронӣ доранд. Ба гуфтаи иқтисоддон Георгий Кошлаков, дар шароите, ки мизони маблағҳои муҳоҷирон ба ин сатҳ коҳиш ёфта бошад, чи гуна тиҷорат метавонад рушд кунад? Ва ҳтимоли афзоиши 14-дарсадии бахши кишоварзии Тоҷикистон дар фасли сармо ва баҳор баъид ба назар мерасад, зеро маҳсулоти аслии кишоварзони тоҷик, яъне гандум, меваҷот ва пахта нав ҷамъоварӣ мешаванд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ низ омори расмиро "таъаҷубангез" хондааст. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 4-5 моҳи аввали соли ҷорӣ бахши аслии корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба далели камбуди нерӯи барқ фаъол набуданд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат шадидан интиқод карда ва гуфтааст, ки барои таҳияи санади муассир бояд коршиносони хориҷӣ даъват шаванд.

Ба эътиқоди доктор Умаров, чунин барномае мунҷар ба он шудааст, ки созмонҳои молии байналмилалӣ ба давлати Тоҷикистон чандон эътимод надоранд ва аз ироаи кӯмакҳои бештар худдорӣ мекунанд.

Номбурда ба унвони мисол гуфтааст, ки Сандуқи Байналмилалии Пул барои рафъи оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон барои се сол 116 млн. доллар ихтисос додааст. Вале Арманистон, ки аҳолиаш дар муқоиса бо Тоҷикистон ду маротиба камтар аст, барои барномаи зидибӯҳрониаш аз СБП ҳудуди 600 млн. доллар дарёфт кардааст.

Георгий Кошлаков, низ зимни интиқод аз барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат гуфтааст, ки дар ин санад иҷрои ҳадафҳои ғайривоқеъӣ сабт шудаанд.

Ба унвони мисол, ӯ гуфтааст, ки дар ин барнома таъсиси ҳудуди 150 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар гирифта шудааст. Вале, ба гуфтаи ишон, таъсиси як ҷойи корӣ то чанд ҳазор доллар арзиш дорад ва давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин амр имконоте дар ихтиёр надорад.

Ба эътиқоди Георгий Кошлаков, бо дарназардошти рушди сареъи аҳолии Тоҷикистон барои чанд даҳсолаи дигар содироти нерӯи кор ба хориҷи кишвар роҳи аслии ҳалли масоили бекорӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Ӯ афзудааст: "Дар чанд соли ахир расонаҳо дар Тоҷикистон аз раванди муҳоҷирати корӣ шадидан интиқод карда ва тақозо доранд, ки бояд аз ин амр ҷилавгирӣ шавад. Вале магар давлати Тоҷикистон ба афроди бекор бар ивази муҳоҷират метавонад чизе пешниҳод кунад?"

Вале Лутфулло Саидмуродов, иқтисоддони тоҷик, мутмаин аст, ки давлати Тоҷикистон аз имконот барои афзоиши ҷойҳои корӣ бархурдор аст. Саидмуродов мухолифи тавсеъаи раванди муҳоҷирати кори аст.

Ӯ гуфтааст: "Ин раванд ба миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёде меоварад. Масоили муҳоҷират, аз ҷумла боис шудааст, ки мизони талоқ дар хонаводаҳои тоҷик 40 дарсад афзоиш ёбад."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97