Қимати доллар дар Тоҷикистон дар соли 2019 то 3 дар сад боло меравад

Хабари хуб 28.11.2018 09:32

Хабаргузории ТоҷикТа бо истинод аз ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки қурби расмии доллар нисбат ба сомонӣ дар соли 2019 ҳамагӣ то 3 дар сад боло меравад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки қимати 1 долллари омрикоӣ дар соли 2020 дар ин кишвар ба 10.20 сомонӣ ва дар соли 2021 ба 10.80 сомонӣ баробар мешавад.

Муаллифони барномаи давлатии қарзгирии Тоҷикистон аз хориҷ пешбинӣ карданд, ки дар соли 2019 1 доллар баробари 9,70 сомонӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир, Бонки миллии Тоҷикистон 9,42 сомониро муъодили 1 доллар муайян кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи августи соли ҷорӣ роҳбари саридораи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Валиев сабаби поён рафтани қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар соли 2018 ро тавзеҳ дода буд.

Ба гуфтаи вай, дар беқурбшавии сомонӣ давомнокии номувозинатии тиҷоратӣ, миқдори зиёди қарзи давлатӣ, зиёдшавии талабот ба доллар ҳамчун воситаи воридоти молу коло сабаб шудаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97