Афзоиши ҷарима ва пардохтҳо дар Тоҷикистон дар соли 2019

Хабари хуб 28.11.2018 09:09

 Шуруъ аз 1-уми январи соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Ба унвони мисол, агар ҷарима барои дар ҳолати сурх гузаштан аз светафор то ин замон 250 сомонро ташкил медод, аз моҳи январ соли оянда ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 275 сомонӣ ҷарима пардохт мекунанд.

Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикисмтон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 50 сомонӣ аст. Аз соли нав 55 сомонӣ мешавад. “Нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз рӯи меъёри таваррум ҳисоб мешавад.

Ин тағйирот дар қонуни будҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ворид шудааст ва ҳафтаи гузашта аз тарафи намояндагони Порлумон ба тасвиб расид.

Дар ду соли охир бори дувум аст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Соли 2017 ҳаҷми "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз 40 сомонӣ ба 50 сомонӣ расонда шуд.

Ҳамин тариқ, бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо, шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук ба андозаи даҳ дар сад зиёд мешаванд. Баъзе намуди боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад ва нархҳои онҳо низ гарон хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97