Кӯмаки 35 миллион долларии Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон

Хабари хуб 27.11.2018 12:56

Бонки осиёии рушд ба маблағи 35 миллион доллар ба Тоҷикистон барои пайваст кардани системаи энержии ин кишвар ба системаи энержии Осиёи Марказӣ кӯмак хоҳад кард.

Бино ба гузориши маркази матбуъотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, тавофуқномаи ихтисоси 35 миллион доллар ба Душанбе дар поёни ҳафтаи гузашта миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ба имзо расид.

Ин тавофуқномаро аз ҷониби Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода вазир рушди иқтисод ва савдои ин кишвар ва аз тарафи Бонки осиёии рушд Прадеп Сгравав намояндаи доимии ин бонк дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Тавре ки дар паёми Бонки осиёии рушд омадааст, ин созиш ба густариши тиҷорати энержии минтақаӣ ва баланд бардоштани самаранокии энержии байни кишварҳои ЦАЭС мусоъидат мекунад.

ЦАЭС як шабакаи минтақаии интиқоли нерӯи барқ мебошад, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ эҷод шуда буд ва фаъолияи он имрӯз байни Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамоҳанг карда шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки тай даҳсолаҳои ахир табодул энержӣ дар чорчӯби ЦАЭС тадриҷан коҳиш ёфт ва қатъи иртиботи Тоҷикистон аз Узбекистон дар соли 2009 самаранокии ин тарҳро коҳиш дод.

Ҳамин тариқ, имзои тавофуқномаи дар мавриди савдои нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар моҳи марти соли ҷорӣ як гоме ба пеш барои азсаргирии фаъолияти шабакаи энержии минтақаӣ арзёбӣ мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97