Ғарқ шудани «Тойота Корола» ҳамроҳи як зан дар дарёи Панҷ

Хабари хуб 16.07.2009 18:04

Дар минтақаи Шошиндашти шаҳри Хоруғ шаби 13-уми июл автомашинаи тамғаи «Тойота Корола» дар дарёи Панҷ ғарқ шуд.

Бино ба иттилои сарҳанг Сафармаҳмад Меҳтархонов, нозири калони шӯъбаи назоратию таълимии Раёсати корҳои дохилии вилоят, соати 23 шаби 13-уми июл Раҳим Бачамардови 23-сола мошини «Тойота Корола»-и домодашонро гирифта, ба сӯйи боғи ботаникии Академии Улуми ҷумҳурӣ ҳаракат мекунад, дар роҳ ба хотири харидани сӯзишворӣ мошинро дар баландие қарор медиҳад. Баъди дақиқае мошин ба қафо рафта, дар дарёи Панҷ ғарқ мешавад. Дар дохили мошин зани тахминан 40 солае будааст, ки ӯ дар роҳ савори ин мошин шудааст. Ҷустуҷӯи зиёди кормандони милиса дар бораи муайян кардани шахсияти зан натиҷае надодааст, нишонаҳое ҳам аз мошин пайдо нест.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97