Дар Украина ҳолати низомии 30 рӯза эълом шуд

Хабари хуб 27.11.2018 10:08

Намояндагони порлумони Украина ба иҷрои тарҳи пешниҳодии Пётр Порошенко раиси ҷумҳури Украина дар робита ба иҷрои фармони ҳолати низомӣ рай мусбат доданд. Ин фармон ба муддати 30 рӯз аз замони қабул дар Украина иҷро хоҳад шуд.

Як рӯз пас аз рӯёрӯӣ миёни киштиҳои ҷангии Русия ва Украина дар тангаи Керч раиси ҷумҳури Украина фармони барқарории ҳолати низомӣ ба муддати ду моҳ содир кард ва аз порлумон хост то рай худро дар ин маврид эълом кунад.

Рӯзи якшанбе пас аз тавқифи (манъ кардан) се киштии укроинӣ дар тангаи (гулӯгоҳ) Керч дар наздикии обҳои соҳилии нимҷазираи Қрим садҳо тан аз аъзои гурӯҳи шибҳинизомиёни ростгарои ифротии Украина дар хиёбонҳои Киев пойтахти ин кишвар роҳпаймоӣ ва омодагии худро барои муқобила бо Русия эълом карданд.

Чанд соъат пас садҳо эътирзгарон, ки дар маҷмуъ ба аҳзоби натсионалистии Украина вобаста буданд, бо ҳамла ба сафорати Русия дастикам як мошини мутаъаллиқ ба ин сохтмони дипламатиро ба оташ кашиданд.

Равобити Украина ва Русия аз соли 2014 ва пас аз сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович ба шиддат тира шуд. Русия дар ҳамон сол ва пас аз баргузории як ҳамапурсӣ, бо вуҷуди мухолифати ҷомеъаи ҷаҳонӣ нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламрави худ даровард. Аз чаҳор сол пеш, шарқи Украина ва ба вижа манотиқи Донбас ва Донетск амалан аз контроли давлати Киев хориҷ шуд ва таҳти сайтараи нерӯҳои низомӣ ва сиёсии ҳаводорони Русия қарор гирифт.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97