Маркази таҳқиқоти доруӣи Осиёи Марказӣ дар Узбекистон ифтитоҳ шуд

Хабари хуб 27.11.2018 09:31

Маркази таҳқиқоти доруӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд дар чорчӯби иҷрои “барномаи тавсеъаи ҳамкориҳои илмӣ ва фаннӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд” бо ҳузури мақомоти Узбекистон ва дипламотҳо ва коршиносони Чин ифттитоҳ шуд.

Бай Чун Ли раиси фарҳангистони улуми Чин дар маросими инфтитоҳи ин марказ гуфт: ифтитоҳи маркази таҳқиқоти доруӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд боъиси густариши ҳамкориҳои илмӣ ва омӯзишӣ хоҳад шуд.

Вай афзуд: ин марказ ба афзоиши ҳамкориҳои илмӣ ва фаннии Чин бо кишварҳои “Роҳи абрешим” кӯмак мекунад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ин марказ ба густариши ҳамкориҳои байналмиллалии илмӣ ва фаннӣ кӯмак ва дар ростои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои илмӣ ва фаннии Чин бо кишварҳои “Роҳи абрешим”, кишварҳои минтақаро ба ҳамкориҳои илмӣ ҷазб хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97