Таҳияи Кодекси маъориф дар Тоҷикистон

Хабари хуб 27.11.2018 08:51

Дар Тоҷикистон Кодекси маъориф таҳия мешавад, ки тибқи он хатмкунандагони донишгоҳҳои кишварро муассисаи давлатӣ ба кор таъмин хоҳанд кард.

Бино ба гузориши хабаргузории ТоҷикТа, дар Тоҷикистон барои ба кор таъмин кардани хатмкунандагони донишгоҳҳои кишвар муассисаи давлатӣ ташкил карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва намояндагони Порлумони кишвар таҳияи кодекси маорифро ба анҷом мерасонанд.

Дафтари матбуъотии вазорати маъорифи Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ изҳор дошт: “Дар ҳоли ҳозир кодекс тақрибан омода аст. Қарор аст, баъд аз қабули санади мазкур, барои ба кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳҳои кишвар муассисаи махсуси давлатӣ ташкил карда шавад”.

Вазорат инчунин таъкид намудааст, ки баъд аз ба кор даромдани кодекси мазкур сифати маориф низ дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд.     

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97