Баррасии воридоти гӯшти мурғ аз Омрико ба Тоҷикистон

Хабари хуб 26.11.2018 14:49

Хуршед Каримзода раиси гумруки Тоҷикистон ва Кристина Страссман намояндаи вазорати умури дохилаи Омрико дар дидоре перомуни воридоти гӯшти мурғ ва таҷҳизоти зарурӣ барои корхонаҳои мурғпарварӣ ба Тоҷикистон баҳсу ва гуфтгӯ анҷом доданд.

Дар ин дидор масоили марбут ба содирот ва воридоти гӯшти мурғ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маҳсулоти ғайри стандартӣ ба бозор, таҳвили таҷҳизоти зарурӣ барои тавсеъаи санъати мурғдорӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.

Каримзода дар ин дидор гуфт: Тоҷикистон алоқаманд ба тасеъаи ҳамкорӣ бо Омрико дар ин замина буда ва аз воридоти гӯшти мурғи бо сифат ва таҷҳизоти мудерн барои тавсеъаи ин соҳа истиқбол мекунад.

Страссман низ ба навбати худ изҳор дошт: ҳадафи вазорати кишоварзии Омрико на танҳо тавсеъаи равобити тиҷорӣ, балки ироаи кумакҳои фаннӣ (техникӣ) ва кӯмак ба дарёфти қарз аз ширкатҳои омрикоӣ мебошад.

Вай дар идома афзуд: ширкатҳои омрикоӣ омодаи сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин дидор ҳамчунин соири мавзуъоти мавриди алоқаи 2 тараф ба баҳсу баррасӣ кашида шуданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97