Дар маҳбасҳои Қирғизистон 80 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад

Хабари хуб 26.11.2018 09:53

Бино ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон дар зиндонҳои ин кишвар ҳаштод шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки синни онҳо аз 20 то 50 солро ташкил медиҳад.

Хадамоти давлатии муассисаҳои ислоҳии назди ҳукумати Қирғизистон дар робита ба ин мавзуъ изҳор доштааст,  ҳудуди 70 дар сади маҳбусони тоҷикистонӣ “барои фӯрӯш ё нигоҳдории маводи мухаддир” равонаи зиндон шудаанд.

Масъалаи истирдоди зиндониён аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар созишномаи дуҷонибаи байнидавлатии ин ду кишвар пешбинӣ шудааст. Вале ба эътирофи коршиносон дар амал кишварҳо хеле кам ба чунин иқдомҳо мепардозанд.

Ба гуфтаи Элеанора Сабатарова сухангӯи Хадамоти давлатии адои ҷазои назди ҳукумати Қирғизистон, Бишкек имсол танҳо ду шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди яке аз кишварҳои соҳили Балтикро вопас додааст.

Дар мавриди шароити зиндонҳои Қирғизистон намояндаҳои Хадамоти давлатии адои ҷазо баҳогузории хуб мекунанд. Мегӯянд, дар ду зиндон заводи хишт аст, ки маҳбусон дар он ҷо кор мекунанд.

Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 11 маҳбаси баста, 13 маҳбаси умумӣ, 6 боздоштгоҳи тафтишотӣ ва 1 зиндон (тюрма) мавҷуд аст. Бар асоси маълумоти кумитаи милли омори ин кишвар дар соли 2017 шумораи умумии маҳбусон беш аз ҳафт ҳазор нафарро ташкил додааст, ки тақрибан 900 нафари онҳо зан ва боқимонда 6362 мард будаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии адои ҷазо, давлат ҳар рӯз барои маҳбусон вобаста аз низоми боздошт аз 90 (1,3 доллар) то 160 сом (2,3 доллар) масраф мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97