Аз Чин як мошин ҳам ворид нашудааст

Хабари хуб 16.07.2009 18:03

Ёрмуҳаммад Фақиров, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар Вилояти Бадахшон хабар медиҳад, ки дар нимсолаи аввали соли 2009 бояд ба буҷаи давлат 5290130 сомонӣ ворид мегардид, аммо бар асари кам гардидани гардиши мол ва афзудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷаи давлат танҳо 3323680 сомонӣ ворид шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, агар дар соли 2008 40 дарсади пардохтҳо аз ҳисоби ворид шудани мошинҳои сабукрав Ҷумҳурии халқии Чин ситонида мешуд, имсол вориди ягон воситаи нақлиёт тариқи дидбонгоҳи гумруки «Қулма» ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 730 эъломияи гумрукӣ камтар ба қайд гирифта шудааст, ҳамингуна соли 2008 1184, соли 2009 454 эъломияи гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъи мазкур, дар соли ҷорӣ 35 парвандаи маъмурӣ, ки дар бахши молӣ мусодира шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 зиёдтар буда, ба буҷаи давлат 3500 сомонӣ бештар ворид гардидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97