Кушта шудани 25 нафар дар пай як таркиш дар Афғонистон

Хабари хуб 24.11.2018 08:58

Бар асари як инфиҷори (таркиш) интиҳорӣ (маргталабона) дар масҷиде воқеъ дар як пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон дастикам 25 кушта ва 50 захмӣ бар ҷои гузошт.

То кунун ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба уҳда нагирифтааст.

Як манбаъи огоҳ дар робита ба ин ҳамла гуфт, ки қурбониён барои адои намоз дар масҷиде воқеъ дар вилояти Хуст ҷамъ шуда буданд.

Сухангӯи артиш дар вилояти Хуст зимни сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки тамоми кушташудагон корманд нерӯҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон буданд.

Ин дар ҳоле аст, ки тай ҳафтаҳои ахир теъдоди ҳамалоти интиҳорӣ ва инфиҷорот дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст.

Танҳо се рӯз пеш буд, ки ҳамлаи интиҳории дигаре дар ҷараёни як нишасти рӯҳониён дар кобул пойтахти Афғонистон 55 кушта ва 94 захмӣ бар ҷои гузошт.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97