Сардори маҳбасҳои Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд

Хабари хуб 23.11.2018 11:48

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Бар тибки ин қарор Иззатулло Шарифзода муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд.

Дар қарори раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабаби барканории Иззатулло Шарифзода, "ба нафақа баромадан", гуфта шудааст. Тибқи ҳамин қарор,​Мансурҷон Умаров муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз мақомаш озод ва ҷойгузини Иззатулло Шарифзода шудааст.

Ҳамчунин бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ аз вазифаҳояшон озод гардиданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97