Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Порлумони Урупо

Хабари хуб 23.11.2018 10:57

22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ширкат дар 7- умин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо дидори Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо намояндагони Парлумони Урупо таҳти роҳбарии Ивета Григуле-Петерс раиси ҳайати Парлумони Уврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масоили марбут ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Урупо, ба вижа дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ, амният ва инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо дар ҷодаи пешбурди муносибатҳои босамари Тоҷикистон бо ин иттиҳодияи байнидавлатии бонуфуз баланд арзёбӣ шуд.

Дар ин дидор изҳор карда шуд, ки Тоҷикистон Иттиҳодияи Урупоро ҳамчун шарики боэътимоди худ дар арсаи ҷаҳонӣ мешуморад ва бинобар ин равобити мутақобилаи тарафайн ҷиҳати мусоидат ба таъмини рушди устувори Тоҷикистон, пешрафти иҷтимоию иқтисодии он, суботи сиёсӣ ва амнияти кишвар, бартарафсозии хатару чолишҳои муосир бояд бемайлон густариш ёбад. 

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масоили мубрами байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97