Як дипломат рус: Русия дар пай ҳимоят аз Толибон нест

Хабари хуб 23.11.2018 10:01

Як дипломати сафорати Русия дар Кобул гуфтааст, ки барқарории тамосҳо миёни Русия ва намояндагони Толибон танҳо бо ҳадафи осон кардани музокироти сулҳ миёни ин гурӯҳ ва давлати Афғонистон сурат мегирад.

Алберт Хафизов муъовини сафорати Русия дар Кобул рӯзи гузашта дар нишасте, ки барои баррасии натоиҷи конфронси Маскав баргузор шуда буд, гуфт ки Русия ҳеч наъ ҳимояте аз гурӯҳи Толибон намекунад.

Хафизов афзуд: “Ҳеч гуна ҳимояте аз ҷониби Русия барои Толибон вуҷуд надорад. Тамосҳое, ки барқарор шуда, сирфан ба далели ҳимоят аз раванди мусолаҳа дар Афғонистон аст”.

Нишасти Маскав дар торихи 9 ноябри соли ҷорӣ намояндагони гурӯҳи Толибон, аъзои Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва намояндагони дувоздаҳ кишварро даври як миз ҷамъ кард то роҳҳои амалии мусолаҳа дар Афғонистон баррасӣ шавад. Дар ин нишаст давлати Афғонистон ҳеч намояндаи расмӣ эъзом накард.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Афғонистон ҳамвора таъкид кардааст, ки ҳар навъ музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон бояд бо ибтикор ва мудирияти расмии ин кишвар анҷом шавад.

Вале гурӯҳи Толибон гуфта, ки ҳозир нест бо давлати таҳти ҳимояти Омрико дар Афғонистон музокира кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97