Ихтисоси 27 миллион еврои Олмон ба Тоҷикистон

Хабари хуб 23.11.2018 09:19

Хабаргузории ТоҷикТа гузориш медиҳад, ки ҳукумати Олмон барои рушди соҳаи тандурустӣ, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фановарӣ ба Тоҷикистон 27 миллион евро ҷудо намудааст.

Ин хабаргузори бо истинод аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мефазояд; “Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти байниҳукуматии ин кишвар ва намояндагони ҳукумати Олмон баргузор шуд. Раиси бахши Осиёи Марказӣ ва Шарқии вазорати федералии Олмон дар ин дидор гуфт, ки ҳукумати кишвараш ба Тоҷикистон 27 миллион евро ихтисос хоҳад дод”.

Маблағҳои ҷудошуда асосан ба рушди соҳаи тандурустӣ, молия, энержӣ, таҳсилоти ҳирфаӣ ва фановарӣ равона хоҳад шуд.

Ширкаткунандагони мулоқот ҳамчунин тарҳҳоеро, ки дар Тоҷикистон бо таъмини молии Олмон иҷро мегарданд, баррасӣ карданд. Аз ҷумла, Олмон дар Тоҷикистон тарҳҳои тармим ва бозсозии муассисоти пизишкии беҳсозӣ ва муъолиҷаи бемории сил ва сохтусози бемористони бемории сил дар минтақаи Мачитон воқеъ дар шарқи Душанберо таъмини молӣ хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97