Намоишгоҳи “Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ” дар Душанбе баргузор мешавад

Хабари хуб 22.11.2018 14:16

Имрӯз дар Осорхонаи милли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳи “Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ”, ки ба 25- умин солгарди имзои “Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки тарафайни миёни Тоҷикистон ва Русия” аз 25 май соли 1993 бахшида шудааст, баргузор мешавад.

Дар назар аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Порлумони Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайати баландпояи давлати Русия, аз ҷумла аз Дастгоҳи раиси ҷумҳури ин кишвар, Думаи Русия, Вазорати маорифи Русия, инчунин олимон ва дигар шахсони расмии ин кишвар ширкат кунанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин намоишгоҳ имрӯз Конфронси байналмилалии илмӣ ба муносибати  110-солагии олими барҷастаи тоҷик, шахсияти сиёсӣ ва ходими давлатӣ, қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, муаррифии китоб-феҳраст бо номи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» ва намоиши аксҳои рассомони Тоҷикистону Россия баргузор гардад.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаҳои Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар се бахш дар торихи  23 ноябри соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон идома меёбанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97