Мамнуъияти издивоҷи зери 18 сол дар Шветсия

Хабари хуб 22.11.2018 09:20

Қонунгузорони шведӣ ҳафтаи оянда як лоиҳа дар робита бо мамнуъияти издивоҷи афроди зери 18 солро ба рай хоҳанд гузошт ва дар сурате, ки ин лоиҳа тасвиб гардад издивоҷ барои шаҳрвандон ва сокинони ин кишвар дар дохил ва хориҷ аз Шветсия мамнуъ эълом хоҳад шуд.

Ин қонун бозтоби чолишбарангезе ба ҳамроҳ хоҳад дошт чаро ки ба фарҳанги бахши бузурге аз муҳоҷирон муғоират дорад. Аз соли 2015 ҳудуди 1 миллион муҳоҷир вориди Урупо шудаанд. Издивоҷи зери синни 18 сол дар фарҳанги бисёре аз ин муҳоҷирон вуҷуд дорад; аммо дар айни ҳол бо фарҳанги Шветсия ва бархе аз кишварҳои урупоӣ мухолифат дорад.

Як намоняндаи Анҷумани ҳуқуқии занони ҷавон дар Шветсия дар робита ба ин мавзуъ гуфт, мо бояд иҷоза диҳем, ки кӯдаконмон кӯдакӣ кунанд, тафовуте надорад, ки онҳо аз кишвари Шветсия бошанд ё кишвари дигар.

Издивоҷи кӯдакон ба хусус духтарони зери 18 сол сабаб мешавад, ки онҳо натвонанд ба таҳсили худ идома диҳанд, дар фақр зиндагӣ кунанд ва қурбони хушунати хонаводагӣ шаванд.

Аксари кишварҳои урупоӣ ҳанӯз дар шароити хосе монади ризояти волидайн ё тасвиби як мақоми қазоӣ ё давлатӣ иҷозаи издивоҷи афроди зери синни қонуниро содир мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97