Болоравии арзиши “патент” дар Маскав

Хабари хуб 22.11.2018 08:38

Намояндагони Думаи шаҳрии Маскав ахиран қарореро ба тасвиб расониданд, ки бар тибқи он арзиши иҷозатномаи корӣ дар ин шаҳр барои муҳоҷирони корӣ боло хоҳад рафт.

Арзиши иҷозатномаи кор дар Маскав барои муҳоҷирони корӣ шуруъ аз 1-уми январи соли 2019 ба миқдори 500 рубл гаронтар мешавад. Ҳамин тавр аз аввали соли 2019 муҳоҷироне, ки дар Маскав кору фаъолият мекунанд ҳармоҳа ба ҷойи 4500 рубли қаблӣ бояд 5000 рубл пардохт кунанд.

Ин тағйирот шоми рӯзи гузашта тавассути намояндагони Думаи шаҳрии Маскав дар нишасти навбатии онҳо ба тасвиб расид.

Бино ба гуфтаи яке аз намояндагон, "арзиши патент барои муҳоҷирон дар Маскав қаблан 4 ҳазору 500 рублро ташкил медод. Мо чанде қабл низ арзиши онро гарон карда будем ва ҳоло низ гарон хоҳем кард. Ин иқдом пеш аз ҳама бо хотири он роҳандозӣ мешавад, ки муҳоҷирони соҳиби касб ба Маскав ворид шуда, аз уҳдаи кор баромада тавонанд".

Вай афзуд, ки гарон шудани арзиши патент барои пур шудани буҷаи Маскав мусоидат мекунад ва маблағи бадастомада ба ниёзҳои иҷтимоӣ дар ин шаҳр масраф хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97