Ниме аз мардуми ҷаҳон об надоранд

Хабари хуб 20.11.2018 09:42

Табдили манобеъи оби ширини пойдор ба як мавзуъи бисёр муҳим дар кишварҳои ҷаҳон табдил шудааст. Ҷамъият ва санъатӣ шудани ҷаҳон аз як су ва аз суи дигар тағйирот дар мизони гармоиши ҳавои курраи замин, ки сабаби афзоиши хушксолӣ, тӯфон ва сел дар ақсои нуқоти ҷаҳон шудааст, ба мушкилоти марбут ба камбуди об доман мезанад.

Муассисаи ғайридавлатии манобеъи ҷаҳонии об дар баррасиҳои худ овардааст, ки ҳудуди 37 кишвари ҷаҳон бо камбуди шидиде аз манобеъи об мувоҷеҳ ҳастанд. Ин кишварҳо умдатан дар Ховари Миёна, шимоли Африка, Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнусия воқеъ шуда ва беш аз ниме аз ҷамъияти ҷаҳонро дар худ ҷой додаанд.

Дар баррасии ин муассиса нисбати масрафи об ба захоири мавҷуд дар сатҳи кишвар аз қабили рӯдхонаҳо, наҳрҳо ва чоҳҳои на он қадар амиқи оби зеризаминӣ, ки барои истифодаи хонагӣ, кишоварзӣ ва санъатӣ аст, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Камбуди мизони дастрасӣ ба об ба ин маънӣ аст, ки шаҳрвандон, корхонаҳо ва киштзорҳо ба миқдори маҳдуде аз об вобастаанд ва ҳатто кӯчактарин тағйир дар арсаи об метавонад ба зиндагӣ ва фаъолияти онҳо осеб ворид кунад. Ин масъала ҳатто метавонад амнияти миллӣ ва рушди иқтисодиро низ таҳдид кунад, ба хусус агар кишваре барномаҳои муносибе барои мудирияти об надошта бошад.

Бо вуҷуди ин камбудиҳо ба назар мерасад, ки роҳкорҳое чун ширин кардани обҳои шӯр монанди оби дарёҳо ва уқёнусҳо ва ҳамин тавр истифода аз оби хокистарӣ метавонад ба коҳиши ин бӯҳрон кумак кунад. Оби хокистарӣ ба оби қобили дарёфт аз фозилобҳои хонаҳо ё сохтмонҳои идорӣ гуфта мешавад, ки дарбаргирандаи дигар корҳо ба ҷуз оби нӯшокӣ мебошад. Ин об ки дар асари фаъолиятҳои рӯзмарра ҳамчун рахтшӯӣ, шӯстушӯи зарфҳо ва ҳаммом кардан аст, метавонад муҷаддадан бозёфт шавад ва мавриди истифода қарор гирад.

Афзоиши бӯҳрони об дар сатҳи ҷаҳон оқибатҳои хатарнокеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. 

Агар давлатҳо иқдомоти мудириятӣ ва ҳифозатшудаеро барои ҳифзи манобеъи мавҷуди об ва ҳамин тавр ҳифозат аз муҳити зист анҷом надиҳанд, ин масъала метавонад ба бузургтарин бӯҳрони башарӣ дар солҳои пеширӯ табдил шавад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97