Имзои созишномаи визаи шенгени Осиёи Марказӣ байни Узбекистон ва Қазоқистон

Хабари хуб 19.11.2018 09:42

Узбекистон ва Қазоқистон ахиран қарордоди иҷрои режими визаи шенгени Осиёи Марказӣ бо кишварҳои «Роҳи абрешим»-ро ба имзо расониданд.

Дар ин нишаст, ки бо ибтикори раисони ҷумҳури ду кишвар баргузор шуд, раисони минтақаҳо ва ҳамчунин Аскар Муъминов муъовини якуми сарвазири Қазоқистон ва Очилбой Раматов муъовини сарвазири Узбекистон ширкат карданд.

Бар асоси суханони муъовини раиси шикати сайёҳии «Қазоқтуризм», ин тури сайёҳӣ рӯзона ба ҳисоби миёна аз 50 то 80 доллар ҳазина дорад.

Вай гуфт, ин нишондод дар иртибот бо имконот ва дархости сайёҳон метавонад ба 500 доллар бирасад.

Дар ин нишаст ҳамчунин байни ширкатҳои «Қазоқтрансгаз» ва ширкати миллии «Узтрансгаз» созишномае барои интиқоли гази табиъӣ аз тариқи хоки Узбекистон ба имзо расид.

Бар асоси ин гузориш сайёҳони қазоқ метавонанд бидуни ҳеч монеъе ба роҳатӣ ворид қаламрави Узбекистон шаванд.

Барои иҷрои ин тарҳ бояд масирҳои муштараки сайёҳӣ танзим, иртибототи ҳавоӣ, роҳи оҳан ва заминӣ эҷод ва роҳҳо бозсозӣ шаванд.

Коршиносон таъкид доранд, ки дар сурати анҷоми муваффақиятомези ин гуфтгӯҳо, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ба ин тарҳ мепайванданд. 

Бадин тартиб, шаҳрвандони кишварҳое, ки мехоҳанд аз тариқи «Роҳи абрешим» сафар кунанд аз имкони тараддуди озод аз тариқи 4 кишвари Осиёи Марказӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97