Ду милисаи роҳзани ОМОН зиндонӣ шуданд ва Тавакалхӯҷа Низомов дар ҷустуҷӯст

Хабари хуб 09.07.2009 15:03

Додгоҳи олии кишвар ду нафар кормандони ОМОН-и ВКД -ро дар ғорат ва ҳамла ба як казино гунаҳкор шинохта ва онҳоро барои давраҳои тулонӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Маҳмадалӣ Абулҳақов, судяи ин парванда, 3 июл гуфтааст, ки муҳокимаи ин парвандаи ҷиноӣ даҳ рӯз идома дошт ва ҳукми додгоҳ алайҳи муттаҳамон дар 26 июн содир шуд.

Дар парвандаи ҷиноӣ омадааст, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ шаби 15 феврали соли ҷорӣ ба казинои "Помир", воқеъ дар ҷамоати Оққурғони ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карда ва сандуқи пулҳои нақди ин муассисаро ба ғорат бурдаанд.

Дар дохили ин сандуқ ҳудуди 40 ҳазор долари амрикоӣ вуҷуд дошта ва афроди ғоратгар аз маҳалли ҳодиса бо мошини "Leхus-350", ки ба яке аз муштариёни казино тааллуқ доштааст, фирор кардаанд.

Тоҳир Раҳимов, Равшан Ҳомидов ва Хуршед Исломов дар моҳи марти соли ҷорӣ тавассути кормандони Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуданд.

Судяи додгоҳ афзудааст: "Додгоҳи олӣ Тоҳир Раҳимов ва Равшан Ҳомидовро дар даст доштани ҷиноят гунаҳкор шинохта ва барои 21 сол ба зиндон маҳкум кард. Тибқи ҳукми додгоҳ, Раҳимов ва Ҳомидов ҳамчунин ба мусодираи амвол ва манъи фаъолият дар ниҳодҳои интизомӣ барои се сол ва нигаҳдорӣ дар ҳабси низомаш сахт маҳкум шуданд. Ҳамчунин додгоҳ Хуршед Исломов, яке аз дигар муттаҳамони ин парвандаро, ки милиса набудааст, барои 24 сол ба зиндон ҳукм кард."

Маҳмадалӣ Абулҳақов гуфтааст, ки ҳар се нафар аз муттаҳамон дар ҷараёни бозрасӣ ва дар муҳокимаи додгоҳ ба ҷинояти худ иқрор шудаанд ва барои боздошти ду гумонбари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд.

Таваккалхӯҷа Низомов, корманди собиқи идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Абдулхалил Фаттоев, як фарди бекор, дар ҳоли ҳозир мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи масъулон, ин афрод ҳамчунин дар гаравгонгирӣ муттаҳам ҳастанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97