Бонки Осиёии Тавсеъа: 40 млн. доллар ҳадя, дуруст истифода кунед

Хабари хуб 09.07.2009 15:03

Бонки Осиёии Тавсеъа тахсиси маблағи 40 млн. доллар кӯмаки бебозгаштро барои коҳиши паёмадҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон тасвиб кардааст. Ба ин муносибат рӯзи 7 июл миёни Макото Оҷиро, раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, тавофуқномае барои тахсиси ин кӯмаки бебозгашт имзо шуд.

Макото Оҷиро кӯмаки ин созмони молии байналмилалиро барои пуштибонӣ аз барномаҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар заминаи рафъи паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муҳим хондааст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ асароти бештаре дидааст.

Раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе таъкид кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ, бахши кишоварзӣ ва сармояи хориҷӣ вобастагӣ дорад ва бозгашти теъдоди зиёде аз муҳоҷирон аз Русия ва Қазоқистон ба коҳиши қобили мулоҳизаи ойидоти сокинон, хароҷотҳо ва даромадҳои давлатӣ боис шудааст.

Ин дар ҳолест ки Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия ин кӯмаки Бонки Осиёии Тавсеъаро барои иҷрои барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистон, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ то андозае ба ин раванд асар гузоштааст, зарурӣ хонд. Ӯ гуфтааст, кӯмаки Бонки Осиёии Тавсеъа як иқдоми изтирорӣ буда ва барои пуштибонии мустақим аз буҷаи давлати Тоҷикистон ироъа шудааст ва имкон хоҳад дод, ки ниёзи табақаҳои камбизоат дар ин даврони мушкил бароварда шавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки роҳандози аслии ин тарҳ вазорати молия ва вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд, Бонки Осиёии Тавсеъа хостори истифодаи самаранок ва оқилона аз ин кӯмак шудааст.

Макото Оҷиро, раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Душанбе, гуфтааст: "Умедворам вазорати молия дар заминаи дуруст ва самаранок истифода шудани маблағи кӯмак, мудирияти дуруст ва масъулият зоҳир хоҳад кард."

Раиси дафтари намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа аз ихтилофи миёни Сандуқи Байналмилалии Пул ва давлати Тоҷикистон дар заминаи истифода аз эътибори молии 48-миллион долларии ин созмон дар ду соли қабл ёдовар шуда ва гуфтааст, ки чунин бархӯрд мояи нигаронии Бонки Осиёии Тавсеъа низ ҳаст.

Ба ин далел, Макото Оҷиро ба вазорати молия пешниҳод кардааст, ки дар моҳи оянда ба манзури ошноӣ бо раванди иҷрои тарҳи кӯмаки билоивази Бонки Осиёии Тавсеъа маъмуриятеро барои гурӯҳи муштараке аз мутахассисони бонк, вазорати молия ва хабарнигорон созмон бидиҳад.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, раиси дафтари Бонки Осиёии Тавсеъаро итминон додааст, ки кӯмакҳои ин бонк ба таври муассир мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт ва мониторинг ё назорат бар наҳваи истифода аз ин маблағҳо дар маҳаллҳо сурат хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар чорчӯби ёздаҳ тарҳ созмонҳои молии байналмилалӣ маблағи беш аз 163 млн. доллари амрикоӣ ба кишварамон ихтисос додаанд.

Масъулони вазорати молия мегӯянд, беш аз 60 млн. доллар аз ин маблағҳо дар чорчӯби кӯмакҳои бебозгашт ба Тоҷикистон ихтисос дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки Осиёии Тавсеъа тасмим дорад, барои иҷрои тарҳи бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-марзи Қирғизистон то охири моҳи ҷорӣ маблағи 20 млн. доллари дигар кӯмаки бебозгашт барои Тоҷикистон ихтисос бидиҳад.

Ҳамчунин масъулони дафтари ин бонк дар Душанбе гуфтаанд, ки ин созмон дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар садади таҳияи як барномаи дарозмуддати сесола аст, ки интизор меравад солона дар чорчӯби он маблағи беш аз 50 млн. доллар ба Тоҷикистон ихтисос дода шавад.

Ин бонк аз соли 1998 то кунун барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар иқтисоди Тоҷикистон маблағи 245 млн. доллар ҳазина кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97