Хонаводаҳои серфарзанди деҳот бештар камбағаланд

Хабари хуб 09.07.2009 15:02

Кумитаи омори кишварамон ҳамроҳ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи пажӯҳиши тозаеро мунташир кардаанд, ки даракгӯ аз фақри густарда дар хонаводаҳои серфарзанд, бахусус дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон аст.

Дар маросими муаррифии натиҷаи пажӯҳиш дар бораи сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар соли 2007, ки рӯзи 2 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рушди бесобиқаи аҳолӣ аз сабабҳои аслии фақр дар хонаводаҳо унвон шуд.

Бар асоси омори расмӣ, тақрибан 54 дарсади аҳоли Тоҷикистон зери хатти фақр ва 17 дарсад дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд, аммо пажӯҳиш нишон медиҳад, хонаводаҳое, ки дар онҳо кӯдакон зиёданд, дар баробари фақру нодорӣ бештар осебпазиранд.

Раиси Кумитаи омор Мерган Шаҳбозов гуфтааст, ҳоло мизони таваллуд солиёна 2,1 дарсад буда ва беш аз 50 дарсади аҳолии Тоҷикистонро афроди то 15-сола ташкил медиҳанд.

Бино ба гузориши ин кумита, интизор меравад дар соли оянда аҳолии Тоҷикистон то ба 8 млн. нафар афзоиш ёбад ва ин амр мушкилоти фаровонеро дар иҷрои барномаи коҳиши мизони фақр ва масоили омӯзишу парвариш эҷод хоҳад кард.

Тибқи пажӯҳиши анҷомшуда 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба нону ғалла қаноъат карда ва танҳо 5 дарсад маҳсулоти гӯштӣ масраф мекунанд.

Тибқи ахбори ин пажӯҳиш сатҳи болои фақр дар вилояти Суғд, ба чашм расидааст. То ҳол чунин тасаввур мерафт, ки вилояти Суғд пешрафтатарин минтақаи саноатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва сатҳи зиндагӣ низ дар муқоиса бо дигар минтақаҳо болотар аст.

Вале ба гуфтаи масъулони кумитаи омор, дар ҷараёни пажӯҳиш рӯшан шудааст, ки мизони фақр дар манотиқи деҳот, бахусус дар ноҳияҳои Мастчоҳу Ашт ва водиии Зарафшон дар муқоиса бо дигар манотиқи Тоҷикистон ба маротиб болотар будааст.

Гуфта мешавад, дар шаҳрҳои вилояти Суғд, дар солҳои ахир ба иллати камбуди шадиди нируи барқ дар фасли сармо то баҳор теъдоди зиёде аз корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки ин вазъ ба афзоиши теъдоди бекорон сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, ба далели бӯҳрони ҷаҳонии молӣ теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар мамолики хориҷӣ коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки Миллӣ маблағҳои ворида аз муҳоҷирон дар шаш моҳи соли ҷорӣ низ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Яъне ба ивази як миллиарду 250 млн. доллари соли гузашта ҳамакнун аз муҳоҷирони корӣ ҳудуди 500 млн. доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Пажӯҳиши Кумитаи омори Тоҷикистон дар бораи сатҳи зиндагии мардум севумин пажӯҳиш дар ин замина дар даҳ соли ахир аст, ки бо ҳимояти молию фаннии Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди кӯдакон, Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Бритониё ва Созмони кишоварзӣ ва ғизои СММ анҷом шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97