Тоҷири бозори "Шоҳмансур"-ро куштанд

Хабари хуб 09.07.2009 15:02

Дар пойтахт, рӯзи 1 июн як тоҷир дар назди манзили истиқоматиаш ба зарби тири тапончаи Макаров кушта шудааст. Ин тоҷир Ҷумъахон Тӯйдакови 36-сола, сокини шаҳри Душанбе буда ва дар бозори Шоҳмансур соҳиби чанд дӯкон будааст.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, афроди номаълум ба Ҷумъахон Тӯйдаков дар хиёбони Лоҳутии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, каме дуртар аз манзилаш аз тапончаи Макаров се тир андохтаанд ва дар роҳ ба сӯйи бемористон бар асари ҷароҳатҳои вазнин ҷонашро аз даст додааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Аммо ҳеч гурӯҳе масъулияти ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Бар асоси иттилои манобеъи вазорати корҳои дохилӣ, мизони ҷиноят дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон 5516 ҷиноятро сабт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,7 дарсад болотар аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97