Меҳмон Бахтӣ дубора раис шуд

Хабари хуб 09.07.2009 15:01

Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драманавис, дуюмбора ба ҳайси раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Интихоби Меҳмон Бахтӣ рӯзи 3 июл дар анҷумани сездаҳуми Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки дар толори театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе мегузашт сурат гирифт. Меҳмон Бахтӣ бидуни алтернатив дар як райгирии ошкор бо раъйи аксарияти орои вакилони анҷумани Иттиҳодияи нависандагон ба мақоми раёсати ин созмон даст ёфт.

Аслан тибқи ойинномаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон интихоби раиси ин созмон бояд бо раъйгирии пинҳонӣ сурат бигирад. Аммо чун номзад алтернатив дар баробари Меҳмон Бахтӣ набуд, масъулони садорати Иттиҳодияи нависандагон раъйгирии ошкоро доир карданд.

Ин бори дувум аст, ки раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба ӯҳдаи Меҳмон Бахтӣ вогузор мешавад. Ӯ соли 2003 дар анҷумани дувоздаҳуми Иттиҳодияи нависандагон ба раёсати ин созмон даст ёфта буд.

Интихоби дуюмбораи Меҳмон Бахтӣ ба раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар ҳолест ки бархе аз нависандагони тоҷик дастовардҳои назарраси фарҳангӣ ва адабиро ба даврони шаш соли ахири раисии ӯ дар ин раёсат марбут медонанд.

Ба гуфтаи ин афрод, дар ин муддат 74 тан аз шоирону нависандагон ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон шомил шудаанд, ки дар миёни онҳо ҷавонони эҷодкор низ кам набудаанд.

Ҳамчунин беш аз 40 тан аз нависандагон ва шоирон ҷоизаҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихорӣ ба даст овардаанд ва адабиёти тоҷик сабку услуби тозае ба худ касб кардааст.

Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар нахустин анҷумани ин созмон дар моҳи майи соли 1934 таъсис шуд ва ҳоло 350 тан аз шоирону нависандагон узви он ҳастанд. Нахустин раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Саид Носиров, комисари халқии маорифи Тоҷикистон дар аҳди Шӯравӣ будааст.

Аммо дар солҳои мухталифи фаъолияти ин созмон, шоирону нависандагони саршиноси тоҷик, назири Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат ва Аскар Ҳаким раёсати онро ба ӯҳда доштаанд.

Ҳарчанд тибқи ойинномаи Иттиҳодияи нависандагон замони раёсат дар ин созмон ба муддати панҷ сол муқаррар шудааст, аммо як фард метавонад дар давраҳои баъдӣ низ номзад шавад ва ба мақоми раиси ин иттиҳодия интихоб гардад.

Дар гузашта, Мирзо Турсунзода ба муддати 31 сол, Мӯъмин Қаноат 14 сол ва Аскар Ҳаким барои 12 сол раёсати Иттиҳодияи нависандагонро ба ӯҳда доштаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97