Сафорати ИМА дар Исфара 8 синфхона сохт

Хабари хуб 05.10.2018 17:16

Сафорати ИМА дар мактаби №31 дар ноҳияи Исфара чанд синфхонаи иловагӣ бунёд кард, хабар медиҳад маркази матбуотии сафорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, сафорати ИМА ҳамчунин дар деҳаи Корези ноҳияи Шаҳритус як дармонгоҳи нав бунёд кард.

"Лоиҳа оид ба сохтмони ҳашт синфхонаи иловагӣ дар мактаби №31-и шаҳри Исфара, ки моҳи январи соли 2018 шурўъ шуд, бо мақсади мусоидат намудан ба таълиму тарбияи 240 хонанда амалӣ гардид. Дар мактаби №31шумори хонандагон аз ҳадди имкон гузашта буд. Дар ин мактаб беш аз 1500 хонанда (аз синфи 1 то синфи 11) таҳсил мекарданд. Мактаби мазкур ҳанўз дар соли 1965 сохта шуда буд. Ду бинои иловагии мактаб баъд аз зилзилаи соли 1977 сохта шуданд. То сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, хонандагон маҷбур буданд, ки дар се басти алоҳида дарс хонанд", - менависад маркази матбуотии сафорат.

Бо мақсади муайян намудани ниёзу дархостҳои мардуми маҳаллӣ, кормандони сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ноҳияҳо назарсанҷиҳо ва вохӯриҳоро ташкил намуданд. Роҳбарони ноҳияҳо аз дастгирии ИМА дар сохтмони мактаби №67 соли 2016 хеле қаноатманд буданд ва соли ҷорӣ онҳо ҳамроҳи кормандони сафорат аз як қатор иншооти лоиҳавӣ дидан намуданд ва мактаби №31 шаҳри Исфара аз қабили онҳост.

Дармонгоҳи деҳаи Корез ягона дармонгохест, ки дар ин деҳа амал мекунад ва он боз як лоиҳаи рушд мебошад, ки аз ҷониби сафорати ИМА амалӣ гардид. Ин лоиҳа соли 2017 оғоз гардид ва ҳадаф аз он дастгирӣ барои хизмарасониҳои тиббӣ ба 1600 сокини деҳа ва сарҳадбонон унвон мешавад. То сохтмони дармонгоҳи мазкур, сокинон маҷбур буданд, ки ним соат роҳро паймуда ба маркази тиббии Шаҳритус барои табобат раванд.

Сохтмони дармонгоҳи нав дар деҳаи Корез ва синфхонаҳои иловагӣ дар мактаби №31-и шаҳри Исфара – намунаи равшани яке аз самтҳои сершумори ҳамкориҳо байни сафорати ИМА ва ҳукуматҳои маҳаллӣ аст, ки барои беҳтаргардонии сифати ҳаёт ва таҳсилот дар вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мегарданд, хабар медиҳад маркази матбуотии сафорати ИМА.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97