Нияти ба Амрико ҳиҷрат кардан доред? Аз фардо метавонед, бахти худро бисанҷед

Хабари хуб 02.10.2018 15:47

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даври нави барномаи раводиди муҳоҷирӣ (Greenсard) DV 2020-ро фардо - 3 октябр - оғоз мекунад. Сабти ном фардо тариқи онлайн шуруъ ва 6-уми ноябр хотима меёбад. Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар додааст.

Роҳнамои тарзи дуруст пур кардани аризаро аз ин ҷо мешавад пайдо кард. Матни забони англисӣ ягона намунаи расмӣ ба ҳисоб меравад. Тарҷумаи ғайрирасмии дастур ба дигар забонҳо ҳангоми дастрас шуданашон дар сомонаи мазкур ворид мегарданд. Онҳое, ки дар давраи бақайдгирии мазкур бештар аз як маротиба ариза мефиристанд аз барнома хориҷ мешаванд.

Довталабон метавонанд аризаи электрониро барои иштирок дар барномаи "Greenсard" аз сомонаи расмӣ E-DV dvlottery.state.gov дар муддати давраи бақайдгирӣ дастрас намоянд. Дастури барномаи DV дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА низ бо ин нишонӣ usvisas.state.gov/dv/instructions дастрас аст, хабар медиҳад сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бархе аз марказҳои хизматрасонии пур кардани "Грин корт" таъсис шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин марказҳо хизматрасонии худро пешниҳод мекунанд. Барои намуна, арзиши пур кардани як аризаи "Грин корт" 30 сомонӣ муқаррар шудааст.

Барномаи "Грин корт" ё "Корти сабз"-и сафар ба Амрико яке аз роҳҳои қонунии муҳоҷират ба ин кишвар аст. Ҳамасола то 15 миллион сокини кишварҳои мухталифи дунё довталаби "Грин корт" мешаванд. Аммо ба навиштаи расонаҳо, Амрико ҳамасола танҳо тақрибан ба 50 ҳазор одам чунин корт медиҳад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97