Бузургдошти шаҳидони роҳи озодии Афғонистон дар Душанбе

Хабар 21.09.2018 14:59

Ҳафтаи ҷорӣ дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе маҳфили бузургдошти ду шахсияти бузург ва қаҳрамони роҳи озодии Афғонистон -  Аҳмадшоҳи Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ бо ҳузури фарҳангиён ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва корпусҳои дипломатӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим аз ҷонбозиҳову талошҳои дигар шаҳидони роҳи озодии Афғонистон низ ёдовар шуда, аксҳои он қаҳрамононро ба намоиш гузоштанд.

Аҳмадшоҳи Масъудро дар Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони тоҷик ва сипаҳсолоре шуҷоъ меҳисобанд.

Шоъирону нависандагони зиёди тоҷик дар васфи ӯ шеърҳову достонҳо гуфта, симои ӯро бо қаҳрамонони "Шоҳнома" ҳамто медонанд. Яке аз достонҳои машҳур "Масъуднома"-и Муъмин Қаноат аст, ки зимни маҳфил як порае аз он аз ҷониби набераи шоир Мумтоз қироат шуд.

Ҳамчунин иштирокдорони маросими бузургдошти ин ду абармард пешниҳод карданд, ки хиёбоне ва ё гулгаште дар Тоҷикистон ба номи ин ду қаҳрамон гузошта шавад.

Масъулини сафорати Афғонистон бо такя ба муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва равобити нек бар ин боваранд, ки пешниҳоди мазкур аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон қабул мешавад.

Дар ҳамин росто, Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Афғонистон низ аз пешниҳод истиқбол кард ва гуфт, барои анҷоми ин кори нек бояд расмиёт иҷро шавад.

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир кишварҳои зиёде барои эҳтироми Аҳмадшоҳ Масъуд, ки нишоне аз шуҷоату ватандӯстист маконеро бо номи ӯ номгузорӣ кардаанд.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97