Тоҷикон деҳоти беодами Русияро обод мекунанд

Хабари хуб 21.01.2018 15:01

Хонаводаҳои тоҷик аз Бадахшони Тоҷикистон дар яке аз деҳаҳои харобшуда ва беодам дар вилояти Твер дар маркази Русия муқим шуда, зиндагиро дар он дубора эҳё сохтаанд.

Теъдоде аз хонаводаҳо аз Бухорои Узбакистон низ дар ин деҳа маскун шудаанд.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, деҳаи Рождествено яке аз 20 ҳазор деҳаи камаҳолӣ дар Русия дар чанд соли қабл буд, ки бо сокин кардани коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон бо хонаводаҳояшон, акнун ҷони дубора гирифтааст.

Бо омадани ин афрод, ки ба теъдоди онон ҳама сола афзуда мешавад, кишоварзӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулот, коргоҳҳои кӯчаки масолеҳи сохтмонӣ ва сохту сози хонаҳои маскунӣ, дубора эҳё мегардад ва умед ба зиндагӣ афзоиш меёбад. Ба далели боло будани мизони таваллуд дар Тоҷикистон, ки дар қаламрави ИДМ дар мақоми нахуст қарор дорад, камбуди заминҳои кишоварзӣ ва набуди ҷойи кори муносиб, акнун шаҳрвандони кишварро водор мекунад, ки ба Русия муҳоҷират кунанд. Зеро тайи 20 соли ахир ба далели холӣ аз сокинон шудани деҳаҳои Русия теъдоди бемористонҳо дар манотиқи рустоии ин кишвар 4 баробар, дармонгоҳҳо 2,5 баробар ва мактаб 1/7 баробар коҳиш ёфтааст. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ низ уфт кардааст, ки акнун танҳо бо муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, метавон зиндагӣ дар деҳоти таркшудаи Русияро дубора эҳё кард.

Раҳмон Улмасов, устоди Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират қаблан пешниҳод карда буд, Маскав аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои эҳёи дубораи зиндагӣ дар рустоҳои худ истифода кунад. Ӯ ишора ба вуҷуди 20 ҳазор рустои бидуни сокинон дар Русия, таъкид кардааст, бар асоси муҳосиботи ҷамъиятшиносӣ, дар охири қарни 21 дар Русия танҳо 95 миллион нафар аз мардуми бумӣ боқӣ хоҳанд монд. Аз ин рӯ, гуфта мешавад, ин кишвар маҷбур мешавад дар ояндаи наздик барои таъмини рушди ҷамъият ва ҳифзи тавони иқтисодии худ, неруи кори ҷавон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷазб кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97