Раиси нави Суғд гӯштро 2 сомонӣ арзон кард

Хабари хуб 21.01.2018 14:58

Раиси нави вилояти Суғд дар нахустин иқдоми худ дар ин симмат, дастур дод, нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд, маркази ин вилоят арзон шавад.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз бузургтарин бозори шаҳри Хуҷанд мавсум ба “Панҷшанбе”, ба қассобон дастур додааст, бояд нархи фурӯши ҳар кило гӯшти гов 33 сомонӣ ва гӯсфанд 36 сомонӣ бошад.

Қабл аз ин дастур, нархи ҳар кило гӯшти гов дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд, 35 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ буд.

Ҳадаф аз боздиди раиси тозатаъини вилояти Суғд аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд, ташдиди назорат бар раванди арзаи маҳсулоти бо кайфият ва дорои стандарт барои таъмини амнияти ғизоии сокинони маркази вилояти Суғд, унвон шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дастури бозсозӣ ва тармими бахшҳое аз бозори “Панҷшанбе”-ро содир кардааст. Ҳамчунин раиси нави вилояти Суғд бо баргузории нишасте бо фаъолони бахши хусусӣ ва мудирони ширкатҳо ва корхонаҳои ин минтақа, авзои иқтисодӣ дар шимоли кишварро мавриди баррасӣ қарор дод. Вай гуфта, ки бояд бо таъсиси комиссияи вижа сабабҳои аз фаъолият мондани корхонаҳои саноатии вогузор шуда ба бахши хусусӣ, мавриди баррасӣ қарор гирад.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 13 январ дар мақоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро иваз кард. Қодирӣ, ки ба синни 65 расидааст, пас аз 4 сол раисӣ бар вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромадан аз ин мақом барканор шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз раёсати Кумитаи давлатии замин ва нақшабардории кишвар, чанд соле раиси шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97