Китоби кӣ «Китоби сол-2017» шуд?

Хабари хуб 21.01.2018 14:56

 

 

Дар нимаи январи соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2017» -ро эълом кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар, ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои санъати сухану забони адабӣ аст ва мазмуну муҳтавои он бояд мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро дар бар бигирад.

Дар озмуни «Китоби сол-2017» китобҳое, ки дар соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудаанд, рақобат доштанд.

Дар бахши назм Раҳмат Назрӣ бо китоби «Замзама», Муҳаммад Ғоиб бо китоби «Сесаду шасту шаш ғазал», Сайдалӣ Маъмур бо китоби «Борони сабз» ғолиби ин озмун дониста шуданд.

Дар бахши наср Ато Мирхоҷа бо китоби насри «Андозчини рӯзадор», Маҳмадризо Тоҳирӣ бо китоби насри «Даъват», Абдуғаффор Абдуҷаббор бо китоби «Зоопарк» барандаи озмун гардиданд.

Дар назми бачагона Нарзулло Тиллозода бо китоби «Турнаҳо», Муслиҳиддин Маҳмадалӣ барои китоби бачагонаи «Пайроҳаи мурод», Рабоат Худойдодова бо китоби «Чашмаи дил», дар насри бачагона, Гулчеҳра Муҳаммадиева барои китоби «Афсонаи товус», Рустам Ваҳҳобзода барои китоби «Шеър ва дониш» ва Қурбон Восеъ бо китоби «Маромгӯйи Ваҳдат ва Истиқлолият» ғолиб дониста шуда, бо диплом сарфароз гардиданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97