«Чойхонаи лаби ҷар»-и Темур Зулфиқоров чоп шуд

Хабари хуб 21.01.2018 14:54

 

 

Таҳти номи «Чойхонаи лаби ҷар» китоби нави Темур Зулфиқоров бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин китоб дар нашриёти Адиб» бо теъдоди 1000 нусха мунташир шудааст.

Китоби мазкур повестҳои «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин», «Достони бачагии Мушфиқӣ», «Як рӯзи айёми бачагии Пайғамбар Муҳаммад (с)» ва новеллаҳои нависандаи маъруфи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоровро дар бар гирифтааст. «Чойхонаи лаби ҷар» китоби сеюми нависанда ба забони тоҷикист.

Қаблан китобҳои ин адиби файласуф бо номи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» ва «Афъимори марҷонӣ» ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97