Хадамоти алоқаи Тоҷикистон:Интернетро танҳо аз ширкати «Тоҷиктелеком" бихаред!

Хабари хуб 21.01.2018 14:23

 

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетиро муваззаф кардааст, ки танҳо аз ширкати “Тоҷиктелеком” Интернет харидорӣ кунанд. Ба ин тариқ, дигар ҳеч кадом аз ширкатҳои фароҳамгари Интернет ҳаққи истифода аз шабакаҳои кишварҳои дигарро нахоҳанд дошт.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, аз ин ба баъд тамоми ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки Интернетро танҳо аз шабакаи воҳиди миллии хадамоти интернетӣ ё ширкати “Тоҷиктелеком” харидорӣ кунанд.

Қаблан ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ аз Қирғизистон, Чин ва Русия, Интернетро харидорӣ карда ва ба муштариён ироа мекарданд.

Дар дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти миллии кишвар гирифта шуда ва барои тамомии ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ, илзомӣ мебошад.

Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин муқаррарот муғойир бо қавонини байналмилалии иртиботот мебошад, ки ҳуқуқи корбаронро нақз мекунад. Зеро қаблан ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ, аз хориҷ Интернетро арзонтар ворид мекарданд, ки акнун ин навъи хадамот низ инҳисорӣ мешавад, ки дар ихтиёри танҳо ширкати “Тоҷиктелеком”, вобаста ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанд рӯз қабл, бо судури фармоне ба намояндагони ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони ҳамроҳ ва Интернет дастур дод, дубора канали иртиботии “NGN”-ро қатъ кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97