Коҳиши вақти маросими сӯгворӣ

Хабари хуб 09.07.2009 15:00

Раёсати танзими расму оинҳои мардумӣ пешниҳод кардааст бо назардошти маҳалли баргузорӣ замони маросими сӯгворӣ аз се соат то 1,5 соат коҳиш дода шавад.

Абдунабӣ Холиқов, сардори Раёсати танзими расму оинҳои мардумӣ нигаронии мардум аз эҳтимоли коҳиши замони баргузории маросими арӯсиро рад карда ва гуфтааст, ки чунин пешниҳод танҳо ба маросими сӯгворӣ рабт дорад. Инчунин гуфтааст, ки қонуни Тоҷикистон замони баргузории маросими арӯсӣ, хатнасур ва сӯгвориро то се соат муқаррар кардааст, вале таҷрибаҳо нишон додааст, ки маросими сӯгворӣ маъмулан танҳо як ё якуним соат идома меёбанд.

Ба ин далел Раёсати танзими расму оинҳои мардумӣ ба масъулони комиссияҳои маҳаллӣ пешниҳод кардааст, ки бо дарназардошти шароити ҳар як маҳал замони баргузории чунин маросимро то як ё якуним соат коҳиш диҳанд.

Номбурда афзудааст, ки муқаррароти нав умдатан дар шаҳрҳо роиҷ хоҳад буд, зеро дар деҳот баргузории маросимҳои сӯгворӣ дар як ё якуним соат ғайримумкин аст.

Абдунабӣ Холиқов афзудааст, ки пешниҳод барои тағйири муддати баргузории маросими сӯгворӣ дар шаҳрҳо ба манзури сода кардани шароити баргузории чунин маросим гирифта шудааст.

Зимнан, пешнависи қонун дар бораи танзими ойинҳо ва ҷашну маросими мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии пешниҳод ва сипас аз сӯйи порлумони тасвиб шуд.

Ин қонун теъдоди даъватшавандагон ба маросими арусӣ ва хатнасур, зодрӯз ва маросими сӯгвориро маҳдуд кардааст ва тибқи он доир кардани маросими назири ҷумъагӣ, ҳафту бист ва додани пул ба ширкаткунандагони маросими дафн мамнӯъ аст.

Ба гуфтаи сардори ин раёсат, дар зарфи ду соли иҷрои ин қонун масъулони комиссияҳои назорат бар иҷрои ин қонун беш аз дусад мавриди нақзи онро ошкор кардаанд.

Ба гуфтаи Абдунабӣ Холиқов, дар зарфи ду соли иҷрои ин қонун сокинони Тоҷикистон танҳо дар баргузории маросимҳои арӯсӣ, хатнасур ва сӯгворӣ беш аз се млрд. сомонӣ сарфа кардаанд. Ҳамчунин дар ин муддат аз забҳи беш аз сад ҳазор ҳайвоноти хонагӣ ҷилавгирӣ шудааст.

Инчунин афзудааст, ки кишварҳои ҳамҷавор, назири Узбакистон ва Қирғизистон, низ талош доранд бархе аз муқаррароти қонун дар бораи танзими ойинҳо ва ҷашну маросими мардумӣ дар Тоҷикистон дар кишварҳои худ истифода кунанд.

Кишварҳои назири Озарбойҷон ва Эрон низ ин қонуни Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97