Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

«Моҳи Самарқанд» дар Ҳолланд рухнамоӣ кард

Хабари муҳим 19.04.2017 13:09

Дафтари шеъри Меҳдӣ Ҷомӣ, шоир, нависанда ва созандаи филми мустанади «Чарху фалак» ва асосгузори расонаи пешгоми радиои Замона дар Ҳолланд бо забони тоҷикӣ чоп шуд.

Ин дуввумин маҷмуъаи шеър аст, ки интишоротии Ақли Сурх дар Ҳолланд ба забони тоҷикӣ чоп мекунад.

Маҷмуъаи аввал «Мӯйсафедони шеъргӯи Самарқанд» буд, ки моҳе пеш ба нашр расид ва намунаи ашъори 10 шоири Самарқандро дар бар мегирад.

«Моҳи Самарқанд» натиҷаи сафар ва фаъолияти беш аз ду даҳаи Меҳдӣ Ҷомӣ аст, ки ба Осиёи Миёна доштааст.

Аҳамияти вижаи ин китоб дар он аст, ки сабки хайку, яъне хусравониро бо руху забони форсии тоҷикӣ ба намоиш гузошта ва шоир муътақид аст, ки ин сабк дар адабиёти классикии мо бисёр ба кор рафта ва аз адабиёти Ҷопон вориди адабиёти мо нашудааст.

Аммо ғазалҳои Меҳдӣ Ҷомӣ, ки ба имрӯзитарин шева дар қолабҳои ниёкон навишта, садои расои ӯро дар шеър нишон медиҳад.

Меҳдӣ Ҷомӣ як иронии муқими Аврупост, ки бо фарҳанги тоҷикон ишқ меварзад. Ва яқинан ҳангоми мутолиаи маҷмуаи «Моҳи Самарқанд» чакидаҳои шаҳди ин ишқу алоқаро хоҳед ёфт.

Меҳдӣ Ҷомӣ дар муқаддимаи ин дафтар мегӯяд: «Ҷаҳон ба ишқ равшан аст ва шеър ахгаре аз хирмани аъзами он оташ, ки гулистони ишқ аст. Барои ман ишқ сурате аз меҳр ба Ватан аст. Ватане, ки гум мешавад ва пайдо мешавад. Ватане, ки аз он мегурезӣ ва ба он бозмегардӣ. Мисоли қафаси суъуд ва нузул аст. Ватан ҳамон ҷо аст, ки вақте ба он мерасӣ, ғариба ҳам ки бошӣ, онро ошно меёбӣ ва туро ошно меёбад. Ва ин дуруст ҳамон иттифоқе буд, ки ман дар дидор аз шаҳрҳои фаросӯи Ҷайҳун таҷруба кардам. Аз Бухоро то Бадахшон. Ин шеърҳо агар ёри зудошнои самарқандии ман набуд, ба зуҳур намерасид ва мактуб мемонд ва агар он сафарҳо ва дидорҳо аз ватани атиқи Хуросон набуд, намеҷӯшид. Ин аст, ки мисли сафарнома аст. Дар роҳ мегузарад ва дар гуфтугӯ бо моҳ. Ишқ роҳ аст. Ошиқ равандаи роҳ ва солик.»

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97