Натиҷагирӣ аз озмунҳои Наврӯзӣ дар Вазорати маориф ва илм

Хабари хуб 18.03.2017 12:22

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ даври ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ” ва “Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” доир шуд.

 Озмуни “Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” аз рӯйи чор самттехника ва технология, информатика, тиббу биология ва иқтисодӣ ҷараён ёфт. Дар озмун аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 23 лоиҳа ширкат варзиданд.

Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозоралӣ Одиназода иброз дошт, ки бояд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бештар ба мавзӯъҳое аҳамият бидиҳанд, ки амалишавии онҳо дар истеҳсолот имконпазир бошад.

Ҳамчунин, аз озмуни “Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ”натиҷагирӣ шуд. Дар озмуни мазкур 17 шеър ва 14 ҳикояи наврӯзии донишҷӯён (таҳти роҳбарии раиси доварон Гулназар, шоири халқии Тоҷикистон ва намояндаи шуъбаи танқиди илми Иттифоқи нависандагон) пешкаш шуда буд.

Ғолибон аз суи Кумитаи тадорукот бо эътои ҳадяҳо қадрдонӣ шуданд.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97