Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

“МегаФон Тоҷикистон”: Азнавбақайдгирии SIM-кортҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Хабари муҳим 10.03.2017 16:32

Аз моҳи ноябр дар Тоҷикистон азнавбақайдгирии SIM-кортҳои ҳамаи операторони алоқа ба роҳ монда шудааст. Вале то ҳол аксари муштариён оид ба сабабҳо ва технологияҳои амалишавии он маълумоти аниқ надоранд. Мо аз намояндагони яке аз операторони пешсафи Тоҷикистон – ширкати “МегаФон” хоҳиш намудем, ки ба саволҳои ,бештар воридшаванда ҷавоб бигӯянд.

 Барои чӣ азнавбақайдгирӣ зарур аст?

Азнавбақайдгирии SIM-кортҳо мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои вобаста ба онҳо” анҷом дода мешавад. Мақсади ин қарор – батартибоварии ҷараёни фурӯши SIM-кортҳо ба шумор меравад: қаблан харидани SIM-кортҳо бе шиноснома имконпазир буд, айни замон бошад, муштарӣ сараввал бояд шахсияти худро мушаххас кунад (яъне шиномномаи худро пешниҳод намояд). Ин чора дар таъмини бехатарии кишвар ва муқобилат кардан ба таҳдидҳои террористӣ мусоидат мекунад.

То кай метавон худро аз нав ба қайд гирифт?

Ҳамаи муштариёни “МегаФон” бояд то 1 апрели соли 2017 аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Чанд рақамро ман аз нав ба қайд гирифта метавонам?

Ҳамон қадар рақамҳоеро, ки истифода мебаред.

Агар муштарӣ аз нав ба қайд гирифта нашавад, чӣ мешавад?

Мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ оператор маҷбур мешавад, ки хизматрасониҳои алоқаро дар рақами чунин муштарӣ қатъ намояд.

Агар мо берун аз ҳудуди Тоҷикистон бошему, дар тобистон ё соли оянда омадани бошем?

Агар шумо аз алоқа дар роуминг истифода карда истода бошеду ин SIM-корт ба шумо даркор бошад, метавонед шартномаро дар асоси ваколатномаи аз ҷиҳати нотариалӣ тасдиқшуда аз нав ба расмият дароред. Ҳамин тариқ, шахсе, ки шумо рақами худ (SIM-корти худ)-ро ба номи ӯ ба расмият даровардед, имкон пайдо мекунад, ки ба ҷойи Шумо рақаматонро аз нав ба қайд гирад. Агар SIM-корт дар дасти хешовандони шумо бошад, онҳо метавонанд дар дилхоҳ маркази хизматрасонии ширкат аз ҷараёни азнавбарасмиятдарорӣ ва азнавбақайдгирӣ гузаранд.

Оё метавон бо шиносномаи хориҷӣ рақамро аз нав ба қайд гирифт?

Не. Тартиб танҳо дар идораҳои хусусии хизматрасонии ширкати “МегаФон” ва бо ҳузури шахсии муштарӣ дар асоси шиносомаи дохилӣ (корти мушаххаскунанда) амалӣ карда мешавад.

Бо худ доштани кадом ҳуҷҷатҳо зарур аст?

Шиноснома (корти мушаххаскунанда)-и муштарӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ – шиноснома ва иҷозати иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Агар ман соҳиби SIM-корт нею балки истифоабарандаи он бошам, чӣ тавр метавонам онро ба қайд гирам?

Махсусан барои чунин ҳолатҳо саволномаи махсус пешбинӣ шудааст, ки бо пур кардани он метавон дар дилхоҳ идораи оператор рақамро аз нав ба қайд гирифт.

Оё тартиби азнавбақайдгирӣ пулакӣ аст?

Не, азнавбақайдгирӣ РОЙГОН амалӣ карда мешавад.

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97