Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Оғози озмун барои таҳсил дар Русия

Хабари муҳим 23.02.2017 17:06

Бино ба иттилои сайти Спутник, дар соли ҷорӣ Русия барои довталабони тоҷик 600 квота дар бахши буҷавӣ ҷудо кардааст.

 Игор Лякин-Фролов, сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки талаботи довталабони тоҷик барои дарёфти маълумоти олӣ дар Русия ҳамоно афзун аст.

Ин хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки дар Тоҷикистон озмуни интихобӣ барои дарёфти квота барои таҳсил дар макотиби олии Русия барои солҳои 2017-2018 оғоз ёфтааст. Вобаста ба талаботи рузафзуни ҷомеаи тоҷик барои таҳсил дар Русия, имсол шумораи квотаҳо барои Тоҷикистон то 600 ҷой афзун шудааст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия зиёда аз 8 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Сафир ҳамчунин гуфта, ки дар айни замон дар донишгоҳҳои қаламрави Русия зиёда аз 20 ҳазор тоҷик таҳсил карда, ҳамасола наздики 4 ҳазор донишҷӯ ба Русия меоянд. Ҷаноби Лякин-Фролов аз ҷумла гуфтааст: "Мехоҳам таҷрибаи хуби донишгоҳҳои гуногуни Русияро, ки ҳамасола дар Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалии таҳсилро барпо мекунанд, ёдрас кунам. Аз ин рӯ зарурати баррасии ифтитоҳи филиали маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия пеш омадааст».

Довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз тариқи сайти «Россотрудничество» метавонанд худро барои ширкат дар озмун сабти ном кунанд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97