Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Сафири Озарбойҷон: Наслкушӣ дар Қарабоғ бо айби Горбачев рух дод

Хабари муҳим 21.02.2017 16:35

Аббасали Карим оглу Гасанов, Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Душанбе дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки маҳз Михаил Горбачев, Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттифоқи Шӯравӣ сабабгори сар задани низоъи Қарабоғи Кӯҳӣ ва наслкушӣ дар Хоҷалӣ будааст.

 Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар конфронси хабарии ин сафоратхона дар Душанбе, ки ба муносибати "25 -умин солгарди генотсиди Хоҷалӣ" барпо шуд, гуфт, худи Михаил Горбачев дар посух ба суоли як хабарнигори турк дар ин маврид эътироф кард, ки ин низоъ дар пайи иштибоҳи ӯ сурат гирифтааст.

Ҷаноби Гасанов афзуд: «Горбачев эътироф кард, ки ин ҳодиса иштибоҳи мо буд!»

Аммо сафир бо таасуф мегӯяд, бо вуҷуди ин эътироф аз суи худи раҳбари вақти ИҶШС (СССР) ва рехтондани хуни бегуноҳон Горбачев ҷойизаи сулҳи Нобелро дарёфт кардааст.

Сафири Озарбойҷон дар ин нишаст аз таърихи омадани арманиҳо ба минтақа ёдовар шуда гуфт, ки инҳо мардумони бумӣ нестанд ва ҳамчун сипар барои бақои импературии русҳо ба ин сарзамин оварда шуданд. Ӯ иддаъо дорад, ки дар поёни ҳокимияти Шӯроҳо арманиҳои сарватманд бо ришва Михаил Горбачевро хариданд то ба ин хок соҳиб шаванд ва бо силоҳҳои сангини Артиши сурх даҳҳо озарии бесилоҳро ба хоку хун нишонданд.

Зимнан, ҳар сол давлати Озарбойҷон ба хотири ҳодисаҳои Ҳоҷалӣ маросими ёдбуд баргузор мекунад ва ҳамчунин сафоратхонаҳои ин кишвар дар саросари дунё хотира қурбониёни ин ҳодисаро гиромӣ медоранд. Қарор аст, ин маросим рӯзи 23 феврали соли 2017 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Душанбе доир шавад.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97