Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Башор Асад сактаи мағзӣ кардааст?

Хабари муҳим 30.01.2017 17:57

Сомонаи «Спутник» ба нақл аз расонаҳои арабӣ дар ин бора хабар дода, навишт, чандин расонаҳо тайид кардаанд, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бино бар асари сактаи мағзӣ бистарӣ шудааст.

Шабакаи телевизиони Алъарабия ба нақл аз рӯзномам "Алмистиқбал" –и Лубнон хабар медиҳад, ки Асад дар яке аз шифохонаҳои Димишқ бистарӣ шуда ва амнияти шифохонаи мазкур тақвият гардидааст.

Яке аз рӯзномаҳои саудӣ навиштааст, ки Асад тумор(саратони сар) дошт. Ӯ ҳангоми сафар дар соли 2016 таҳти муоиноти пизишкони русӣқарор гирифт.

Ожонси Санои Сурия хабари сактаи мағзии Асадро рад намуд ва ҳадафи нашри чунин ахборро расонидани зиён ба давлати Сурия донист.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97