«МегаФон Тоҷикистон» кори истифодабарандагони интернетро осон кард

Хабари хуб 27.01.2017 16:43

Дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон», www.megafon.tj имконияти пайвастшавӣ ба хидматрасонӣ «бо як клик» зуҳур кардааст. Барои он, веб-тугма дар фасли «Интернет» ва «Хидматрасонӣ» дар ҷадвали «Пайвастшавӣ/Хомӯшкунӣ» ҷойгир шудааст.

 Барои фаъолзозии хидматрасонии зарурӣ, муштариёни «МегаФон» метавонанд равандеро интихоб кунанд, ки барояшон бештар муфид аст то рафтан ба дафтари хидматрасонӣ ва занг задан ба маркази тамос ва то истифодаи SMS ё USSD-рамз. Раванди нави пайвастшавӣ имкониятҳои истифодабарандагони интернети мобилиро вусъат медиҳад. Ҳоло шарҳи хидматрасониро дар сомонаи «МегаФон» аз компютери хона, смартфон ё планшет мутолиа карда, метавонед веб-тугмаи «Пайвастшавӣ»-ро зер карда ва рамзе, ки бо SMS қабул кардаед дар саҳифаи фаъолсозӣ барчинед. Мақсади рамзи дастрасшуда, тасдиқи ҳифзи пайвастшавии ғайритасодуфӣ мебошад – барои мисол, агар боздидкунанда тасодуфан веб-тугмаро зер карда бошад.

Дар ҳоли ҳозир бо кумаки веб-тугма мешавад тамоми интернет-бастаҳо, инчунин дигар хидматрасонӣ ва имконоти пешниҳодии «МегаФон»-ро пайваст намоед.

«Пайдоиши веб-тугмаи «Пайвастшавӣ» тартиби фаъолсозиро сода мекунад: Муштариёни моро дигар зарур нест ба рақами иловагӣ занг зананд, ҷустуҷӯ ва дар ёд доштани USSD-фармонҳо ва дигар ҳаракатҳоро анҷом бидиҳанд. Танҳо рамзи бо SMS омадаро барчинед, боқӣ ба таври автоматикӣ мегузарад. Бовар дорам, ба наздикӣ истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии интернет шахсан ба ин раванди пайвастшавии хидматрасонӣ ва интернет-бастаҳо афзалият хоҳанд дод», мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «Мегафон Тоҷикистон» Дмитрий СЕМЁНОВ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97