Иқдоми неки раёсати маорифи Суғд

Хабари хуб 04.01.2017 17:25

Раёсати маорифи вилояти Суғд тасмим гирифтааст, хонандагони мактабҳои миëнаро дар таътили зимистона ба истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд.

Ба иттилои Раëсати маорифи вилояти Суғд, даври аввали истироҳати мактаббачагон аз санаи 2 январ оғоз шуда, 300 нафар ба истироҳат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Басти дуюми истироҳати ҷавонону мактаббачагон аз санаи 12 январ оғоз ва то 20 январ идома хоҳад ёфт.
Дар даври сеюми истироҳати зимистона, ки 22 январ оғоз мешавад, 100 нафар донишомӯзони болаёқат ва 100 нафар мактаббачагони ятиму бепарастор ва аз хонаводаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Дар маҷмӯъ 800 нафар толибилм дар се басти лагери зимистона ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97