Маҳкумияти Солеҳов ба ҳабси тӯлонӣ

Хабари хуб 26.06.2009 21:14

Додгоҳи шаҳри Душанбе, рӯзи панҷшанбе, 25 июн, Тағойназар Солеҳов, бародари собиқ Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистонро ба ҷурми қатл ва ҳамли ғайримуҷози силоҳ ба муддати 15 солу шаш моҳ ба зиндон маҳкум кард.

Масъулони ин додгоҳ қаблан эълом доштанд, ки ҷараёни баррасии ин қазия кушод сурат гирифта ва хабарнигорон метавонанд ба таври озод дар кори он ширкат кунанд. Аммо пеш аз оғози ҷаласаи додгоҳ ва эъломи ҳукм аз вуруди хабарнигорон ба толори додгоҳ ҷилавгирӣ карданд.

Ба гуфтаи судяи додгоҳ Алпомиш Акбаров, аз ҷумлаи се ҷинояти ворида алайҳи Тағойназар Солеҳов ҳодисаи қатл аз иттиҳоми аслӣ маҳсуб шуда ва ин амр дар таъйини муҷозоти сангин нақши калидӣ доштааст. Ба гуфтаи Алпомиш Акбаров, дар соли 1999 Тағойназар Солеҳов дар ҳолати мастӣ Далер Фозилов, бародари ҳамсараш корманди ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба зарби гулӯлаи автомати Калашников аз пой дароварда буд.

Муовини аввали додситони шаҳри Душанбе Сайфиддин Сироҷзода гуфтааст, ки дар ҳамон сол парвандаи ҷиноӣ дар ин замина боз шуда буд, вале ба далели набудани шоҳидон бозрасии ин қазия то ҳол идома доштааст.

Ба ақидаи коршиносон, боздошти Тағойназар Солеҳов танҳо пас аз барканор шудани бародараш Маҳмадназар Солеҳов аз мақоми Вазири корҳои дохилӣ имконпазир шудааст.

Тағойназар Солеҳови 56-сол дошта то замони боздошт Раёсати терминали гумруки шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97