Дар шинохти Аллома Муҳаммад Иқбол

Хабари хуб 13.12.2016 12:24

Нашриёти «Дониш»-и АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нави «Иқболшиносӣ (маҷмӯаи мақолаҳо)»-ро (Душанбе, 2016, 112 саҳ.) аз чоп баровард.

Дар маҷмӯа мақолаҳои тозаи ба рӯзгору осори адиб, муҳаққиқ ва мутафаккири барҷастаи Шарқ аллома Муҳаммад Иқбол бахшидаи адабиётшиносон ва шарқшиносони тоҷик, монанди Кароматулло Олимов «Соҳибдили роздони ҷисму ҷон», Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Шарафнисо Пӯлодова «Нигоҳе ба рӯзгору осори Аллома Иқбол», Идибек Зиёзода «Муҳаммад Иқбол ва андешаҳои худшиносии ӯ», Умеда Ғаффорова «Талмеҳоти қуръонӣ дар ашъори Муҳаммад Иқбол», Ҳабибулло Раҷабов « Премчанд ва Иқбол»,Майрамбӣ Нурова «Муҳаммад Иқбол ва маърифати зан», Замира Ғаффорова “ Тасвири бадеии Кашмир дар ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ», Тоҷиддин Мардонӣ « Арабы в стихах Мухаммада Икбала», Расул Ҳодизода « Иқбол ва ҷаҳони имрӯз», Алии Муҳаммадии Хуросонӣ « Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Аллома Иқбол ва Халилуллоҳи Халилӣ», Гулрухсор Раҳимова «Гаҳвораи ман диёри тифлии ман аст», Аълохон Афсаҳзод «Дар ватани Иқбол» ва ғ. гирд омадаанд, ки баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дар заминаи нашрҳои арзишманди «Куллиёти форсӣ» ва осори дигари ба забони модарияш-урду эҷодкардаи суханвар, навишта шудаанд. Китоби мазкур дар Иқболшиносии тоҷик барои шинохти шахсияти эҷодкори асил ва мероси гаронмояи адабию илмии ӯ қадамҳои ҷиддитар ба шумор меравад.

Ба китоб Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои Тариқ Иқбол Сумро пешгуфторе бо номи « Муҳаммад Иқбол – чеҳраи тобони адабу фарҳанги Шарқ» навишта, аз ҷумла таъкид менамояд, ки « …маҷмӯаи нави ба дасти хонандаи тоҷик расида идомаи Иқболшиносӣ дар кишвари зебоманзару маърифатпарвари Тоҷикистон буда, дар он мақолаҳои хуби муҳаққиқони тоҷик гирд омадаанд ва метавонанд Иқболшиносиро ба таври умум ҳам дар Покистон, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон пурратар намоянд». Маҷмӯаро донишманди тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ мураттаб сохтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97