“МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯён сирри маркетинги пурсамарро ошкор сохт

Хабари хуб 17.11.2016 15:01

Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон нахустин дарси устодон аз рӯйи лоиҳаи “Барномаи таълимии роуд шоу” баргузор гардид. Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Дмитрий Семёнов дар ҳузури донишҷӯён дар хусуси офаридани тамғаҳои бомуваффақ ва усулҳои асосии пешбарии маҳсулот ва хидматрасониҳо суханронӣ намуд.

 “Мутолиаи китобҳои дарсӣ нисбат ба он ки дар бораи муваффақият ва нобарориҳои дигарон бихонед басо муфид аст” – чунин қоидаро ин кордони “МегаФон Тоҷикистон” барои нақл намудан дар бораи сирри маркетинг интихоб намудааст. Аз саргузаштҳои ширкатҳои воқеӣ мисол оварда, ӯ бо чӣ тарз фаъолият намудани қонунҳои бозорро намоиш дод ва ба донишҷӯён як қатор маслиҳатҳои таҷрибавӣ дод. Акнун донишҷӯёни ДСРТ чӣ гуна гузоштани нархҳои рақобатнок, маҳсулоти худро таблиғ намудан ё ба маҳсулот “исми дуруст” дарёфт карданро хуб дарк мекунанд.

 “Вазифаи мутахассиси маркетинг –дар хусуси афзалиятҳои маҳсулоти худ аниқ ва равшан нақл намудан. Ин хеле оддӣ аст, агар пешниҳоди ту навтар, босуръат, зеботар ё бехатар бошад. Аксар вақт дигар хусусиятҳои ба маҳсулот вобастаро ҷустуҷӯ намудан зарур меояд, мисол, дар бобати пешсафии ширкат ё анъанаҳои миллӣ сухан намудан. Чӣ гуна хусусияте, ки интихоб гардад, ӯро чунон пешкаш бояд намуд, ки харидори эҳтимолӣ манфиатро барои худ дарёбад”, маслиҳат дод ба донишҷӯёни ДСРТ Дмитрий СЕМЕНОВ.

Роҳбалади дарси устодон маркетологони ояндаро аз иштибоҳ қаблан огоҳ намуд – ба монанди эътибор накардани рақибон ё интихоб намудани стратегияи нодурусти пешравӣ. “Худписандӣ – душмани асосии маркетинги муваффақ мебошад”, қайд намуд роҳбалад.

 “Маркетинги пурсамар” силсилаи вохӯриҳои роҳбарияти “МегаФон Тоҷикистон”-ро бо донишҷӯёни ДСРТ оғоз намуд. Тӯли соли хониш дарсҳои устодон дар мавзуҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд; донишҷӯён дар бораи технологияҳои алоқаи муосир, хусусиятҳои фаъолият дар робита бо ҷомеа, стратегияҳои идоракунии муваффақи ширкатҳои бузург ва дигар масъалаҳои дар бозори муосири меҳнат муҳим маълумот ба даст хоҳанд овард. Донишҷӯёни фаъол ва бомаҳорат метавонанд дар ширкати мазкур таҷриба омӯхта дар бораи корфармоёни беҳтарини ҷумҳурӣ тасаввуроти дақиқ дарёфт намоянд.

 

“Аз ширткаҳои “МегаФон Тоҷикистон” ва “Хуавей” ҷиҳати гузаронидани чунин чорабинии шавқовар сипосгузорам! Барои худ бисёр чизҳои нав ва муфид барои пешравиҳо дар мансаб ва тиҷорат дар соҳаи ТИ дарёфт намудам. Инчунин ба кормандони ДСРТ барои ба “барномаи таълимии роуд шоу” таклиф намудан низ миннатдорам. Бахусус дар озмун иштирок варзидан ва соҳиби мукофот гардидан, бисёр ҷолиб буд! – гуфт донишҷӯйи курси 3 факултаи “Идора ва технологияҳои иттилоотӣ” Нурулло ИСМОИЛОВ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97