Русия ба Тоҷикистон ёрии тиббӣ расондааст

Хабари хуб 10.11.2016 13:19

Созмони ғизо ва доруи Русия дар чорчӯби барномаи кумак ба бахши тандурустии Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон шаш озмоишгоҳи сайёри муқобила бо бемориҳои сироятӣ ва уфуниро дар ихтиёри ин кишварҳо қарор дод.

 Дар ин бора хабаргузории русии “РИА-Новости” иттилоъ додаст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки ин озмоишгоҳҳои сайёр дар заминаи ташхиси бемориҳои сироятӣ ё гузаранда ва уфунӣ ба ҷадидтарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, ки метавонад ба мутахассисони ин кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши ин бемориҳо кумак кунад.

Мутахассисон ҳамчунин бо истифода аз ин озмоишгоҳҳо метавонанд дар сурати мушоҳидаи бемориҳои сироятӣ ва уфунӣ дар манотиқи мушаххас, барои ҷилавгирӣ аз густариши он барномарезӣ кунанд.

Ин озмоишгоҳи сайёрро Маркази илмӣ ва пажӯҳишии микробшиносии Русия роҳандозӣ кардааст.

Вазорати тандурустии Русия эълом кардааст, ки дар чорчӯби барномаи муштараки ҳамкории дармонӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар ду соли ахир, 10 дастгоҳи озмоишгоҳи сайёр дар ихтиёри ҷумҳуриҳои ин қаламрав қарор додааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97