Нозҳои парвозӣ хотима ёфт

Хабари хуб 10.11.2016 13:17

Вазорати нақлиёти Русия эълом кардааст, ки музокироти ҳайатҳои ин кишвар бо Тоҷикистон дар бораи парвозҳои ҳавопаймои мусофирбарӣ аз фурӯдгоҳи нави "Жуковский" бо тавофуқи дуҷониба барои идомаи парвозҳо ба поён расид.

 Ба гузориши хабаргузории русии "ТАСС", Вазорати нақлиёти Русия бо таъйиди тавофуқи дуҷониба барои идомаи парвозҳо эълом карда, ки Тоҷикистон шарти ин кишварро барои оғози парвозҳои ҷадид аз фурӯдгоҳи тозатаъсиси "Жуковский" дар атрофи Маскав пазируфтааст.

Мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, ки ҳамакнун аз 15 шаҳри Русия ба Тоҷикистон парвози ҳавопаймои мусофирбарӣ барқарор аст, ки аз ин теъдод ҳар ҳафта 13 парвоз ба шаҳри Душанбе ва 15 парвоз ба шаҳри Хуҷанд ва чанд парвоз ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа анҷом мешавад.

Дар ин миён парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ба ду шаҳри Кӯлоб ва Қурғонтеппа танҳо аз шаҳри Маскав сурат мегирад.

Бар асоси тавофуқи ҷадид аз ин пас ширкатҳои русӣҳар ҳафта аз фурӯдгоҳи тозатаъсиси "Жуковский" дар атрофи Маскав ду парвози изофӣ ба Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.

Аммо Шералӣ Ганҷализода, вазири нақлиёти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи гузаштҳои ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Русия дар ин музокиротро рад карда ва гуфтааст, ки тибқи натиҷаҳои ин музокирот, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо усули баробарӣ парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия анҷом хоҳанд дод. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба расонаҳои хабарии фаъол дар Тоҷикистон гуфтааст, ба ҷониби Русия иҷозаи парвозҳо аз фурӯдгоҳи ҷадиди Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дода шуд, вале ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз ин фурӯдгоҳ парвозҳоро хоҳанд дошт. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамакнун бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда бо ҷониби Русия, ширкатҳои Тоҷикистон метавонанд, дар масирҳое, ки мусофирон зиёданд, парвозҳои бештар дошта бошанд.

Русия аз моҳи августи имсол бо ирсоли номаи расмӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик-эйр" ва "Сомон-эйр"-и Тоҷикистон интиқоли ҳамаи парвозҳои ин ду ширкат ба фурӯдгоҳи тозатаъсиси "Жуковский" -ро хостор шуда буд.

Бо ин ҳол масъулони идораи ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ин баҳона, ки афзоиши теъдоди парвози ширкатҳои русӣ ба ин кишвар хисорати молии фаровонеро ба ширкатҳои тоҷикистонӣ ворид мекунад, аз иҷрои ин дархост худдорӣ карданд.

 Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 8-уми ноябрро охирин фурсат барои ҳалли ин ихтилоф таъйин карда ва ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи мухолифати Тоҷикистон тамоми парвозҳои дуҷониба бо кишвари моро қатъ хоҳад кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97